Бино ба иттилои хидмати матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ординатураи клиникӣ дар ин бахшҳо аз аввали соли таҳсили 2022-2023 дар Маркази ҷумҳуриявии илмию амалии ҷарроҳии махсусгардонидашудаи ба номи академик В.Воҳидов ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ёрии таъҷилӣ кушода мешавад.

Бо дарназардошти мураккабии ин соҳаҳо, ба онҳо танҳо онҳое, ки магистратураро аз рӯи ихтисоси «Ҷарроҳӣ» ё ординатураи клиникӣ (ординаторӣ) аз рӯи ихтисоси «Ҷарроҳии умумӣ» хатм кардаанд, дохил шуда метавонанд.

Номзадҳо дар асоси интихоби умумӣ қабул карда мешаванд ва раванди таълим, ки ба амалияи ин соҳаҳо нигаронида шудааст, се сол давом мекунад.

Дар ду соли аввал ординатороне, ки дар асоси мақсаднок ва пулакӣ таҳсил мекунанд, дар клиникаҳои донишкадаҳои тиббӣ ва марказҳои махсусгардонидашуда таҳсил хоҳанд кард.

Дар семестри дуюми соли таҳсил (сеюм) барои онҳо дар минтақаҳо — филиалҳои марказҳои махсуси тиббии вилоятҳо, марказҳои тиббии бисёрсоҳавии бачагону калонсолон ва филиалхои Маркази тиббии ҷумҳуриявии ёрии таъҷилӣ семестри таълими амалӣ ташкил карда мешавад.