Хатмкунандагони мактабҳои президентӣ 100 фоиз бо маълумоти олӣ фаро гирифта шудаанд

    Таълим 23 Iyun 2023 1599

    Дар Агентии муассисаҳои таълимии тахассусӣ бахшида ба гусел намудани хатмкунандагони мактабҳои президентӣ ба ҳаёти мустақил ва ба онҳо супурдани сертификати хатмкунӣ дар Нуқус, Хива, Фарғона, Қаршӣ, Андиҷон, Гулистон, Нурафшон, Бухоро, Навоӣ, Самарқанд, Ҷиззах, Тирмиз, Намангон ва Тошканд чорабинӣ баргузор гардид.

    Мактабҳои президентӣ аз соли 2019 созмон дода мешаванд. Дар системаи Агентӣ 14 мактаби президентӣ – яктоӣ дар ҳар минтақа, 9 мактаби эҷодӣ, 3 мактаби асосии тахассусӣ ва 166 мактаби махсусгардонидашуда фаъолият мекунанд.

    Аз рӯи ҷамъбасти соли таҳсили 2021/2022 мактабҳои президентиро 92 нафар, эҷодӣ – 138, махсуси такягоҳӣ - 170 хонанда бо муваффақият хатм кардааст. Сад фоизи хатмкунандагон бо маълумоти олӣ фаро гирифта шудаанд.

    Имсол дар байни хатмкунандагони 14 мактаби президентӣ миқдори бо шаҳодатномаи байналмилалӣ оид ба донистани забон (IELTS) сазоворгаштагон 326 нафарро ташкил мендиҳад. 168 нафар барои арзёбии сатҳи дониш аз фанҳои математика ва забони англисӣ сертификати байналмилалӣ гирифтанд. 275 нафар ба донишгоҳҳои байналмилалӣ дохил шуданд, ки 18 нафари онҳо дар асоси грант қабул шудаанд. Теъдоди хатмкунандагоне, ки нияти таҳсил дар Донишгоҳи “Янги Ӯзбекистон”-ро доштанд, 176 нафарро ташкил дод. Аз 233 нафар дастпарварони 9 мактаби эҷодӣ 192 нафарашон соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ ва миллӣ гардиданд.

    Танҳо дар давоми як соли охир дар 5 мактаби эҷодӣ хобгоҳи иловагӣ барои 600 нафар, синфхонаю ошхона барои 300 талаба, инчунин ду китобхонаю зали спортии замонавӣ сохта шуданд. Дар натиҷаи корҳои сохтмону монтаж дар соли 2022 квотаҳои қабул дар чор мактаби эҷодӣ 33 фоиз зиёд карда шуданд.

    Дар соли таҳсили 2022/2023 3 525 нафар хонандагон мактабҳои махсус ва мактаб-интернатҳоро хатм намуда, 486 нафарашон соҳиби грантҳои донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ гардиданд. Зиёда аз 1800 хонанда соҳиби шаҳодатномаи миллӣ ва байналмилалӣ гардиданд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates