Пас аз онҳоро огоҳ кардани ИМА, ки бояд барои эҳтимоли зарба ба Эрон омода бошанд, ин давлатҳо мавқеи худро ба Вашингтон расонданд.

Бино ба маълумоти WSJ, намояндагони Арабистони Саудӣ, Уммон ва Қатар ба Кохи сафед изҳор доштаанд, ки кӯшиши сарнагун кардани режими Эрон метавонад боиси бесуботӣ дар бозорҳои нафт гардад ва дар ниҳоят ба иқтисоди ИМА зарар расонад. Ин кишварҳо ҳамчунин аз он нигаронанд, ки зарбаҳо ба Эрон метавонанд ҳаракати танкерҳои нафтиро аз тариқи гулӯгоҳи Ҳурмуз халалдор созанд.

Ба иттилои манбаъҳои нашр, мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтаанд, ки дар муноқишаи эҳтимолӣ алайҳи Теҳрон иштирок нахоҳанд кард ва барои зарба задан ба Эрон барои аз фазои ҳавоии онҳо истифода намудани ИМА иҷозат нахоҳанд дод, менависад meduza.io.