Дар доираи барномаи пурмӯҳтавои чорабиниҳои сатҳи олӣ дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон музокирот анҷом дод ва дар вохӯрии муштараки сарварони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок кард.
Маросими ифтитоҳи стелаи рамзии Дӯстӣ ва инчунин имзои Шартномаи таърихӣ оид ба нуқтаи пайвасти сарҳадҳои давлатии се кишвар баргузор гардид.
Сарварони давлатҳо маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро боздид намуда, дар консерти муштараки устодони санъат иштирок карданд.
Дар фурудгоҳ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гусел намуд.
Сарвари давлати мо ба шаҳри Тошканд рафт.