Президенти Ӯзбекистон дар қабули расмӣ аз номи Сарвазири Ҷопон иштирок намуд
Дар анҷоми чорабиниҳои рӯзи аввали сафари расмӣ ба шаҳри Токио Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар қабули расмӣ аз номи Сарвазири Ҷопон иштирок кард. Қабул дар қасри Акасака ба ифтихори сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.


