Сарвари давлат махсус таъкид намуд, ки имсол Наврӯз ҳамзамон бо иди муқаддаси Рамазон таҷлил мегардад. Ӯ зикр кард, ки ин рӯзҳои пурнур, ки рамзи бедории табиат ва поксозии маънавӣ мебошанд, барои ҳамаи ҳамватанон ҷашни некиву ваҳдат ва шукуфоӣ аст. Ҳамчунин табрикоту орзуҳои нек ба ҳамватаноне, ки дар кишварҳои дуру наздик кору таҳсил доранд, ирсол гардид.

Президент қайд кард, ки ба таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванд, новобаста аз миллат, забон ва динашон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Таъкид шуд, ки далели амалии ин сиёсат он аст, ки имсол ин ҷашн таҳти шиори «Ситоиши Наврӯз – ситоиши инсон!» баргузор мегардад.

Дар маросим зикр гардид, ки барои ворид намудани рӯҳи Ӯзбекистони Нав ба тамоми минтақа, деҳа, аул ва маҳаллаҳо корҳои бузург оғоз шудаанд. Барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиши камбизоатӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ қадамҳои муҳим гузошта мешаванд. Корхонаҳои муосир, шабакаҳои коммуникатсионӣ, манзилҳои бароҳат, муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш бунёд мегарданд. Таъкид шуд, ки дар оянда миқёси чунин фаъолият боз ҳам густариш меёбад.

Сарвари давлат ба деҳқонон ва фермерони мо эҳтироми амиқ изҳор намуд. Бо зикри заҳмати пуршарафи онҳо дар таъмин намудани фаровонӣ ва неъмат дар хонаҳои мардум, таъкид гардид, ки давлат ва ҷомеа ҳамеша онҳоро дастгирӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки Ӯзбекистони Нав барои ҷавонон майдони дастёбӣ ба қуллаҳои баланд ва пирӯзиҳои бузург мегардад. Имрӯз дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва санъат, варзиш, IT ва соҳибкорӣ номҳои нав ва қаҳрамонони нав пайдо мешаванд. Тамоми мардум аз чунин насли босавод, фаъол ва ҳамеша дар ҷустуҷӯ бо ифтихор ёд мекунад.

Сарвари давлат ба ҷавонон муроҷиат намуда, қайд кард, ки онҳо ба саодати бузург ва шарафи баланд – бунёдгузорони Эҳёи сеюм ноил шудаанд. Президент писарону духтаронро даъват намуд, ки зиндагии осоиштаву ором, имкониятҳои фароҳамшударо қадр намоянд, заҳмати падару модар, омӯзгорон ва устодонро гиромӣ доранд, пайваста омӯзанд, болои худ кор кунанд, донишу маҳорати худро густариш диҳанд. Ҳамчунин омодагии давлат барои фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои ҷавонони кишвар изҳор гардид.

Дар маросим ҳамчунин ба аҳамияти низоми маҳалла дар ҳаёти ҷамъият диққати махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки дар Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият  барномаҳо ва нақшаҳои бузург амалӣ мегарданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар таҳкими фазои сулҳу оромӣ, эҳтироми мутақобила ва некӣ дар оила ва ҷомеа, ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ дар маҳалҳо, дар татбиқи амалии ғояҳои инсондӯстӣ ва адолат намояндагони насли калонсол, аъзои «ҳафтгонаи маҳалла» ва шаҳрвандони фаъол иштироки бевосита хоҳанд дошт.

Бо истифода аз фурсат, Президент раисон ва фаъолони мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, инчунин тамоми ҳамватанонро ба муносибати Рӯзи кормандони низоми маҳалла, ки фардо таҷлил мегардад, самимона табрик намуда, ба онҳо барору муваффақиятҳои нав орзу кард.

Тавре зикр гардид, ғояҳои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки дар ҷашни Наврӯз таҷассум ёфтаанд ва тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун пули маънавӣ миёни халқҳо хидмат кардаанд, дар замони ноороми имрӯза боз ҳам муҳимтар мегарданд. Намояндагони беш аз 130 миллату халқият, ки дар кишвари мо зиндагӣ мекунанд, ин ҷашнро ҳамчун як оилаи бузург, бо рӯҳияи шод таҷлил менамоянд. Таъкид шуд, ки чунин дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ваҳдат кафолати боэътимоди бунёди Ӯзбекистони Нав мебошад.

Зикр гардид, ки барои таҳкими минбаъдаи ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо ва мазҳабҳо дар ҷомеа тамоми қувва ва имкониятҳо сафарбар карда мешаванд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар ҳамбастагӣ бо кишварҳои бародари ҳамсоя Осиёи Марказии воҳидро ташаккул дода, ба баланд бардоштани мақоми минтақа ҳамчун такягоҳи сулҳ, бародарӣ ва ҳамкорӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Сарвари давлат ҳозирини чорабинӣ, сафирони давлатҳои хориҷӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалиро ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз самимона табрик гуфта, ба кишварҳо ва халқҳои онҳо шукуфоӣ орзу намуд.

Президент бори дигар ба ҳамватанон муроҷиат карда, гуфт:

«Бо идомаи анъанаҳои қадимӣ, бо ниҳолшинонӣ, парвариши боғҳо, обод кардани хонаҳо ва маҳаллаҳо, мо зиндагии худро боз ҳам зеботару ободтар мегардонем!

Бори дигар собит месозем, ки мо халқе ҳастем, ки барои расидан ба қуллаҳои баланд дар асоси ҳамсоядорӣ, рӯҳияи дӯстӣ ва корҳои неки худ талош менамоем!

Ҳама якҷоя, боз ҳам муттаҳид шуда, ҳаёти нав, таърихи нав ва ояндаи навро месозем!»

Ҷашн бо барномаи калони консертӣ идома ёфт. Баромадҳои дастаҳои фолклорӣ-этнографӣ ва ҳунармандон, бозиҳои миллӣ ва аския ба тамошобинон шодию таассуроти зиёд бахшиданд.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аъзои парламент ва ҳукумат, меҳмонон аз минтақаҳои гуногун, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ иштирок намуданд.