Дар мамлакат бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои соҳибкорон, диверсификатсияи шабакаҳои иқтисодиёт ва таъмини шуғли аҳолӣ, дар маҳалҳо технопарк ва минтақаҳои хурди саноатӣ ташкил карда мешаванд. Ҳоло дар вилояти Намангон дар 1,5 ҳазор гектар майдон 73 минтақаи саноатӣ мавҷуд аст.

Натиҷаҳои ин корҳо дар маҳаллаи Соҳили ноҳияи Намангони Нав низ равшан ба чашм мерасанд. Пештар соҳибкорону ҳунармандон дар манзилҳои худ дар шароити маҳдуд фаъолият намуда бошанд, акнун дар маҷмааи умумии дорои инфрасохтори замонавӣ кор мебаранд.

Дар ин минтақа, ки дар асоси “Таҷрибаи Ғиждувон” дар 10 гектар майдон ташкил ёфтааст, 113 лоиҳа ҷойгир карда шудааст. Барои кори барқарори онҳо аз ҳисоби буҷет инфрасохтори зарурӣ, чун шабакаҳои барқ, оби нӯшокӣ ва партовоб, роҳҳои дохилӣ бунёд шудааст.

Дар натиҷа иқтидори солонаи истеҳсоли маҳсулот ва хидматрасонӣ ба маблағи 500 миллиард сӯм ба вуҷуд омада, 4 800 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Ҷалби 170 нафар соҳибкор аз маҳаллаҳои ҳамсоя, роҳандозии истеҳсоли маҳсулот дар асоси ҳамкорӣ дар зиёда аз 350 хонадон, фаъолии иқтисодии аҳолиро боз ҳам афзунтар менамояд.

Боз як ҷиҳати муҳим дар он аст, ки бо истифода аз таҷҳизот ва амалиёти омода, дар ин ҷо имкони бозомӯзии касбу ҳунар ба шаҳрвандони бекор вуҷуд дорад. Ин ба коҳиши сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ, ҳамзамон, фаровонии рӯзгори мардум мусоидат мекунад.

Сарвари давлат кори марказҳои сервисии хидматрасонии техникии автомобилҳоро аз назар гузаронида, бо устоҳо сӯҳбат кард.

– Дар мамлакатамон корхонаҳои нав ба нави автомобил ба фаъолият оғоз менамоянд. Даромади мардум зиёд гардида, шумораи мошинҳо ҳам меафзояд. Аммо дар бахши хидматрасонӣ то ҳол имкониятҳо бисёр. Масалан, хидматрасонӣ ба мошинҳои хориҷӣ ба қадри кофӣ нест. Тавассути ба роҳ мондани ин самт ба таври низомӣ, метавон ҳам шуғли аҳолиро таъмин кард, ҳам сифати хидматрасониро, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Аз ин рӯ, аз рӯйи ташкили чунин марказҳои хидматрасонӣ дар дигар ноҳияҳо, омода намудани устоҳои соҳибмалака супоришҳо дода шуд.

Президент бо намоишгоҳи мебелҳое, ки дар минтақаи саноатӣ истеҳсол мешаванд, шинос гардид. Оид ба рушди саноати маҳаллӣ, дастгирии тавсеаи фаъолияти соҳибкорон, кӯмак ба ҷавонон дар омӯзиши таҷриба ва пайдо кардани ҷойи кор вазифаҳо гузошта шуданд.

Таъкид гардид, ки дар чунин маҷмааҳо бояд муносибатҳои муосир дар самти қадр кардани инсон низ амалӣ шаванд. Аҳамияти таъмини бехатарии сӯхтор ва амнияти техникӣ, инчунин фароҳам овардани шароити хуб барои истироҳати кормандон дар баробари меҳнат, баён карда шуд.

Дар ҳамин ҷо дар бораи лоиҳаҳои бузурге, ки дар вилояти Намангон дар самти шаҳрсозӣ ва сохтмони манзил амалӣ мешаванд, маълумот дода шуд. Ин корҳо барои фароҳам овардани шароити хубу замонавии зист барои аҳолӣ ва рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳо аҳамияти бузург доранд.