Ҷопон барои мустаҳкам кардани марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 4 миллион доллар ҷудо мекунад

    Бехатарӣ 17 Fevral 2022 1780

    17 феврал дар Тошканд Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ёшинори Фудзияма ва Намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Ашита Миттал ба маблағи умумии 471 миллион иен (тақрибан 4,1 миллион доллари ИМА) бинобар лоиҳаи «Вусъат додани ҳамкориҳои наздимарзӣ дар дохили минтақа тавассути таҳкими вазифаҳои Идораҳои ҳамкории сарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ» Нотаҳои мубодила имзо карданд.

    Осиёи Марказӣ бо Афғонистон, бузургтарин тавлидкунандаи кӯкнор, ашёи хоми афюн ва ҳероин дар ҷаҳон ҳаммарз аст ва ҳамчун як масири қочоқи маводи мухаддири ғайриқонунӣ, аз қабили маводи мухаддири тавлиди Афғонистон хидмат мекунад.

    Моҳи августи соли гузашта гуфта шуда буд, ки аз ҷониби толибон ғасб шудани Афғонистон метавонад гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро афзоиш диҳад ва вуруди онҳо ба Осиёи Марказӣ метавонад вазъияти боз ҳам ҷиддитареро ба вуҷуд орад. Назорати сарҳадӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба қадри кофӣ қавӣ нест ва таҳкими иқтидори он вазифаи таъхирнопазир аст.

    Бино ба иттилои хидмати матбуоти Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ, лоиҳаи мазкур ироаи таҷҳизотро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ -- Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба манзури таҳкими вазифаҳои гузаргоҳҳои марзӣ, инчунин омӯзондани кормандони ташкилотҳои дахлдор барои баланд бардоштани маҳорати онҳо дар соҳаи муборизаи зидди нашъамандӣ пешбинӣ менамояд.

    Интизор меравад, ки ин ҳамкорӣ тавассути таҳкими назорати марзӣ, мубориза бо маводи мухаддир ва ҳамкориҳои минтақавӣ миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба субот ва рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат кунад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates