Артиши Исроил дар тӯли ҳамагӣ 20 дақиқа бо чархболҳо 37 маротиба ба шаҳри Ғазза зарба задааст. Дар ин бора сомонаи Ynet хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, нерӯҳои Исроил аз ҳавопаймоҳои бесарнишин (дрон) ва чархболҳо истифода карда, ҳамчунин аз артиллерия ба шаҳр оташ кушоданд. Тибқи иттилои нашрия, сокинони шаҳр аз минтақаҳое, ки ҳамла мешавад, ба таври оммавӣ эвакуатсия мешаванд.
Пештар сомонаи Axios бо истинод ба як манбаъ дар роҳбарияти Исроил хабар дода буд, ки 15 сентябр Исроил ба шаҳри Ғаззаи Фаластин бо ҳадафи барқарор кардани назорат аз болои шаҳр ҳамла кардааст, — менависад tass.ru.









