Пеш аз ҳама, ҳамаи шуморо бо пирӯзии бузурги таърихӣ дар V Бозиҳои параосиёии ҷавонон аз самими қалб табрик мегӯям.

Дар рақобатҳои ниҳоят шадиде, ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб бо иштироки беш аз 1 ҳазору 500 варзишгар аз 35 давлати қитъа баргузор гардиданд, шумо бо нишон додани ҷасорат ва матонат ба қаҳрамонони воқеии мусобиқаҳо табдил ёфтед ва дар таърихи ҳаракати паралимпии Ӯзбекистон боз як саҳифаи дурахшон кушодед.

Дар ин ҳамоиши бонуфузи варзишӣ шуморо тамоми халқи сермиллати мо дастгирӣ намуда, бароятон зафару муваффақият таманно кард.

Шумо ба ин эътимоди бузург сазоворона ҳаракат карда, бо 99 медали тилло, 57 нуқра ва 41 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар қитъаи Осиё мақоми якумро ба даст оварда, ба шоҳсуфа баромаданатон муборак бошад!

Дар давоми мусобиқаҳо қариб 100 маротиба садо додани Суруди миллии Ӯзбекистон, аз саҳми бузурги шумо дар тараннуми шуҳрати Ватанамон дар ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад.

Шумо бо азму шуҷоати қавӣ, иродаи мустаҳкам ва талоши устувор тавонистед дастаҳои кишварҳоеро, ки варзиши миллиашон рушд меёбад, чун Эрон, Ҷопон, Таиланд ва Индонезияро ҳам дар қафо гузоред.

Дар таърихи Бозиҳои параосиёи Ӯзбекистон чунин натиҷаи рекордӣ, чунин ғалабаи бузург қаблан ҳеҷ гоҳ нашуда буд. Бешубҳа, шумо ҳамчун ҷавонони эҷодкунандаи таърихи пурифтихор ва анъанаҳои нав дар варзиши мамлакат, мутахассисони ботаҷриба ба таҳсину офаринҳои бузург сазоворед.

Тамоми халқи мо, Ватани азизамон бо шумо ифтихор мекунад. Шумо насли тиллоӣ, намояндагони тиллоии ҳаракати паралимпии Ӯзбекистон ҳастед.

Ба чунин ҷавонони қаҳрамони мо шарафу ифтихор бод!

Хусусан, бояд гуфт, ки варзишгарони пара пауэрлифтинг — Баҳриддин Холбӯтаев, Элбек Фарҳодов, Ойшажон Раҷаббоева, Рухшона Ӯктамова дар вазнҳои худ рекорди ҷаҳонро, инчунин Нурилло Инобиддинов, Эзоза Абдуҷабборова, Азизбек Пердебаев, Рухшона Ӯктамова, Зиёдахон Боқиҷонова, Зуҳра Юлдашева, Гулюз Нематуллаеваҳо бошанд, рекорди Осиёро нав карданд.

Боз як натиҷаи муҳими таърихӣ – Мадина Мухторова, Фароғат Муҳаммадқулова ва Моҳичеҳра Иброҳимова дар сабқатҳои шадид дар доираи барномаи партови ядро ва найза дар пара атлетикаи сабук ба рақибони худ ягон имкон нагузошта, тамоми маҷмӯи медалҳоро ба Ӯзбекистон оварданд.

Ин ҳама самараи меҳнати пайваста, иродаи шикастнопазир, истеъдод ва маҳорати шумо, инчунин натиҷаи ислоҳоти низомиест, ки дар кишвар барои таъмини қадри инсон амалӣ мегардад, гӯем, хато нахоҳем кард.

Ғалабаи бузурги шумо бо он низ аҳамият дорад, ки ба фатҳ кардани чӣ гуна марраҳо қодир будани ҷавонони Ӯзбекистони Навро нишон дод.  Ин пирӯзӣ, бешак, барои ҳазорон ҷавон манбаи ғуруру ифтихор, талошу илҳом ва чун мактаби бузурги таҷриба хидмат хоҳад кард.

Аз фурсат истифода намуда, ба падару модарон, мураббиёни моҳиру дилсӯз, тамоми мухлисон, ки шуморо чун фарзандони далер, ҷасур ва паҳлавон тарбия намуда, талошҳои накӯи шуморо дастгирӣ кардаанд, изҳори сипос менамоям.

Писару духтарони азизи варзишгарам!

Мураббиёни муҳтарам!

Тавре хабар доред, ба наздикӣ дар кишвар қарори махсусро оид ба рушди минбаъдаи ҳаракати паралимпӣ қабул кардем.

Итминон дорам, ки ин қарор барои фаъолияти минбаъдаи шумо шароити нав ва имкониятҳои бештар фароҳам меорад ва баҳри боз ҳам афзудани шумори дастовардҳоятон дар олами варзиш хидмат мекунад.

Боз як паҳлӯи муҳим – дар солҳои охир Агентии миллии ҳифзи иҷтимоиро таъсис дода, Ассотсиатсияи намудҳои варзиши адаптивро ба роҳ мондем.

Инчунин, дар ин сохтор Мактаби матонат ва институт оид ба омодасозии мутахассисонро ба соҳа ташкил кардем.

Дар натиҷа, шумораи самтҳои варзиши адаптив ба 89 расида, теъдоди онҳое, ки дар маҳаллаҳои кишвар бо намудҳои ин варзиш доим машғул мешаванд, аз 45 ҳазор нафар гузаштааст.

Ислоҳотҳо дар самти бунёди ҷомеаи фарогир ва таъмини мутобиқшавии иҷтимоии шахсони дорои маъюбият дар мамлакат албатта пайваста идома хоҳанд ёфт.

Бори дигар шумо, писар ва духтарони қаҳрамони худро, ки бо муҳаббат ва садоқати бузурги худ ба Ватан, ирода ва матонати қавии худ барои миллионҳо фарзандони мо намуна ҳастед, бо пирӯзии таърихӣ дар Бозиҳои параосиёии ҷавонон аз таҳти дил табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ, дар фаъолияти минбаъдаатон муваффақият ва зафарҳои бузург таманно дорам.

 

Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон