27 ноябр Кореяи Ҷанубӣ мушаки «Нури»-ро партоб хоҳад кард

    27 ноябр Кореяи Ҷанубӣ мушаки «Нури»-ро бори чорум ба кайҳон партоб мекунад. Дар ин бора Садорати бехатарии аэрокосмосии Корея (KASA) хабар дод.

    "Пас аз арзёбии омодагӣ ба партоб, аз ҷумла ҷадвали омодагии моҳвораӣ, шароит дар Маркази кайҳонии Наро, омилҳои беруна, аз ҷумла шароити обу ҳаво ва эҳтимоли бархӯрд бо объектҳои кайҳонӣ, санаи ба нақша гирифташудаи партоби мушак 27 ноябр таъин шудааст", гуфт КАСА.

    "Вақти дақиқи партоб 26 ноябр, як рӯз пеш аз оғози парвоз аз ҷониби кумитаи омодагӣ муайян карда мешавад" гуфт маъмурият.

    Ҳоло аз соати 12:54 то 1:14 ба вақти маҳаллӣ аз Маркази кайҳонии Нарои Ҷумҳурии Корея партоб намудани мушак дар назар аст. Агар оғози кор ба таъхир афтад, санаи эҳтиётӣ аз 28 ноябр то 4 декабр муқаррар гардидааст.

    Бино ба таъкиди Агентии кайҳонӣ, мушак як моҳвораи асосӣ ва 12 моҳвораи хурдро ба мадор мебарад. Таҷҳизот то охири моҳи октябр ба маркази кайҳонӣ оварда мешавад.

    "Ин аз замони таъсиси KASA то ба ҳол, аввалин кор хоҳад буд" гуфт директори он Юн Ёнг Бин.

    Вай ёдовар кард, ки партоби сеюми мушаки «Нури» моҳи майи соли 2023 сурат гирифта буд, хабар медиҳад report.az.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates