Математикони ҷавони Ӯзбекистон дар Олимпиадаи II байналмилалии Ашқобод 17 медал ба даст оварданд

    Таълим 28 Aprel 2025 1054

    Аз 21 то 25 апрел дар пойтахти Туркманистон Олимпиадаи II байналмилалии математикӣ миёни хонандагони мактабҳо баргузор гардид. Дар он тақрибан 250 хонандаи боистеъдод аз тақрибан 15 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.

    Аъзои дастаи мунтахаби Ӯзбекистон низ дар олимпиада фаъолона иштирок карда, шарафи Ватани моро сазоворона ҳимоя карданд, хабар медиҳад АИ "Дунё".

    Математикони ҷавони Ӯзбекистон дар маҷмӯъ 17 медал ба даст оварданд — 4 медали тилло, 9 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ. Ин натиҷа бори дигар сатҳи баланди дониш ва омодагии истеъдодҳои ҷавони моро нишон дод.

    Аз ҷумла, Ҷавоҳир Маматқулов, Азизбек Мамадҷонов, Абдулазиз Раҷабов ва Меҳмонбек Аманов бо медалҳои тилло сарфароз гардонида шуданд.

    Дар Олимпиадаи соли гузашта дар Туркманистон дастаи Ӯзбекистон 9 медал гирифта буд. Дастовардҳои имсолӣ бори дигар иқтидори баланди кишвари моро дар соҳаи маориф ва пешрафти устувори ҷавонон дар рушди зеҳнӣ собит намуданд.

    Ин мусобиқа инчунин ба таҳкими робитаҳои дӯстона миёни иштирокчиён ва мураббиён аз кишварҳои гуногун мусоидат намуда, як майдони муҳими мубодилаи дониш ва таҷриба гардид. Ҳамаи иштирокчиён барои сатҳи баланди ташкил, фароҳам овардани шароити бароҳат ва меҳмоннавозии гарми тарафи Туркманистон изҳори сипос карданд.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates