Гуфта мешавад, ки ҳамватанони мо дар рақобатҳои оштинопазир 1 медали тилло ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Никита Бибиков, ки дар вазни -65 кг ширкат дошт, бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, медали тилло гирифт. Бибиков дар финал бар Амир Агамуҳаммадии эронӣ пирӯз шуд.

Райҳона Асанбоева миёни духтарон дар вазни -41 кг ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт ва медали биринҷӣ гирифт.

Ба ин тартиб, то имрӯз тими миллии мо дар ин мусобиқа 2 медали тилло ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.