ЮНЕСКО оид ба пурзур намудани ҳифзи мероси фарҳангӣ дар минтақа семинар-тренинги байналхалқӣ ташкил мекунад

    Фарҳанг 6 Iyun 2023 2246

    Аз 5 то 7 июни соли 2023 дар шаҳри Тошканд ЮНЕСКО семинари минтақавиро дар мавзӯи «Мубориза бо қочоқи ғайриқонунии арзишҳои фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон: омӯзиш оид ба таҳкими тавонмандии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд» ташкил мекунад.

    Семинари мазкур ба баланд бардоштани донишу малакаи зарурии кормандони масъул тавассути ҳамкориҳои минтақавӣ бо роҳи ташкили шабакаи табодули иттилоот ва ҳамоҳангсозии амалҳо оид ба мусодираи амволи ғайриқонунии фарҳангӣ хизмат хоҳад кард.

    Дар он кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон (Ҷумҳурии Исломӣ), Покистон ва инчунин иштирокчиёни афғонистонии муқими Аврупо бо мақсади ғанӣ гардонидани донишу малакаҳои зарурӣ дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии арзишҳои фарҳангӣ иштирок карданд.

    Семинар, ки дар ҳамкорӣ бо ИНТЕРПОЛ, Созмони ҷаҳонии гумрук (СҶГ) ва Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо (ICOM) ташкил шудааст, ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ тавассути таъсиси шабака нигаронда шудааст, ки ба табодули иттилоот ва ҳамоҳангсозии амалҳо оид ба мусодираи ғайриқонунӣ фурӯхташудаи арзишҳои маданӣ мусоидат мекунад.

    Бояд гуфт, ки ин семинари омӯзишӣ дар роҳи ба сатҳи нав баланд бардоштани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии сарватҳои фарҳангӣ, инчунин пешгирии дуздию сохтакории онҳо қадами муҳим хоҳад буд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates