Муовини ҳокими ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд

    Бехатарӣ 18 Avgust 2025 431

    Дар ҷараёни чорабиниҳои фавриву ҷустуҷӯӣ, ки аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ дар доираи мубориза бо коррупсия анҷом дода шуданд, амалиёти ғайриқонунии яке аз масъулони ҳокимияти маҳаллӣ ошкор гардид.

    Тибқи маълумот, муовини ҳокими ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах, бо истифода аз мақоми хидматии худ, аз роҳбари як корхонаи хусусӣ, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунад, 30 ҳазор доллари ИМА талаб кардааст. Ба ивази ин маблағ ӯ ваъда додааст, ки 204 гектар заминҳои обёришаванда, ки қаблан аз ҷониби ҳамин ширкат дар музояда бурда шуда буданд, ба захираи ҳокимият баргардонида намешаванд ва минбаъд бе монеа истифода бурда мешаванд.

    Муовини ҳоким талаб кардааст, ки 20 ҳазор доллар ҳоло дода шавад ва маблағи боқимонда пас аз ҷамъоварии ҳосил.

    Ӯ ҳангоми гирифтани 20 ҳазор доллар дар дохили мошини хидматӣ дастгир шуд. Маблағҳо ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардиданд.

    Нисбати шахси гумонбар парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 168 (қаллобӣ), қисми 4, банди «а» ва моддаи 211 (гирифтани пора), қисми 3, банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон боз карда шудааст. Дар ҳаққаш чораи пешгирӣ ба шакли ҳабс татбиқ гардид.

    Ҳоло амалҳои ибтидоии тафтишотӣ идома доранд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates