Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳромҷон Аълоев ва муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Галузин роҳбарӣ карданд.
Иштирокчиёни машваратҳо доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Русия, рафти татбиқи тавофуқоти дар натиҷаи мулоқотҳои раҳбарони ду кишвар ҳосилшударо баррасӣ намуда, нақшаҳои соли 2023-ро муайян намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи муколамаи созандаи сиёсӣ изҳор намуданд. Ҷадвали чорабиниҳо тавассути парламентҳо, ҳукуматҳо ва сохторҳои иқтисодии Ӯзбекистон ва Русия баррасӣ шуд.
Дар бораи идомаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ниҳодҳои байналмилалӣ тавофуқ ҳосил шуд.
Дар машваратҳо ҳамчунин ба густариши табодули фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.