Барои довталабони шаҳрвандии Ӯзбекистон хидмати нав роҳандозӣ шуд

    Буриши иҷтимоӣ 16 Avgust 2023 1817

    Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 14 августи соли 2023 №368 “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 сентябри соли 2020 №592 “дар бораи тасдиқи Низом дар бораи тартиби муайян кардани сатҳи донистани забони давлатӣ ҳангоми қабули шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул гардид.

    Тағйироти воридшаванда ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд имкон фароҳам меорад, ки барои муайян кардани сатҳи донистани забони давлатӣ ҳангоми қабули шаҳрвандӣ тавассути марказҳои хизматрасонии давлатӣ ё ПЯХИД муроҷиат намоянд.

    Ҳамчунин, минбаъд дар сурати аз қарори комиссияи имтиҳоноти вилоятӣ оид ба муайян кардани сатҳи дониши забони давлатӣ норозӣ будан довталабон метавонанд шикояти кассатсионӣ пешниҳод кунанд.

    Дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи эълони натиҷаҳои имтиҳон тавассути марказҳои хизматрасонии давлатӣ ё ПЯХИД ба шикоят пешниҳод карда мешавад.

    Дар ин ҳолат, дар давоми 10 рӯз аз рӯзи эълони натиҷаҳои имтиҳон имтиҳони апеллятсионӣ гузаронида мешавад, ки дар натиҷаи он яке аз қарорҳои зерин қабул карда мешавад:

    рад кардани шикоят;

    тағйир додани натиҷаҳхои имтиҳони ибтидоӣ ва қонеъ гардондани шикоят;

    бекор кардани натиҷаҳои имтиҳони аслӣ ва таъини имтиҳони дуюм.

    Аз қарори комиссияи апеллятсионӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.

    Ҳуҷҷат дар пойгоҳи миллии маълумотҳои қонунгузорӣ нашр шуда, аз 14 августи соли 2023 эътибор пайдо кардааст, хабар медиҳад “Norma”.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates