Ин дар ҷараёни сафари кории вазири рушди иқтисодии Русия Максим Решетников ва муовини ӯ Дмитрий Волвач ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон якшанбеи 26 сентябр маълум шуд.
«Ҳоло омодасозии лоиҳа дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад. Мо тартиботи гузариши зудтари молҳо, инчунин шартҳои махсуси тарифиро ба боркашонии нақлиёти роҳи оҳан кор карда баромадем" гуфт Максим Решетников. - «Мо интизорем, ки аввалин интиқоли меваю сабзавоти тару тоза аз Ӯзбекистон моҳи ноябри соли равон сурат мегирад ва дар асоси доимӣ «Агроэкспресс» аз моҳи декабр ба кор шурӯъ мекунад. Дар оянда, ин бозори дохилии моро бо маҳсулоти босифат, пеш аз ҳама дар байнимавсимӣ, сарпур мегардонад ва ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба эътидол овардани нарх мусоидат хоҳад кард”, - хабар дода мешавад дар портали Вазорати рушди иқтисодии Федератсияи Русия.
Қобили зикр аст, ки Русия бо ин таркиби қатораи роҳи оҳан ба Ӯзбекистон маҳсулоти маҷмӯи мазкури агросаноатии худро содир хоҳад кард.