Дар иҷлосия долони Зарафшон-Қароқуми Роҳи бузурги Абрешим ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ шомил карда шуд.
Долони роҳи абрешими Зарафшон-Қароқум, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ шомил шудааст, аз 31 объекти воқеъ дар се кишвар иборат аст. 9 иншоот дар Тоҷикистон, 15-тоаш дар қаламрави Ӯзбекистони муосир ва боқимонда дар қаламрави Туркманистон ҷойгир шудаанд.
Ҳама иншоот дар давраҳои гуногун дар яке аз муҳимтарин роҳҳои тиҷорат дар таърих – Роҳи абрешим ҷойгир буда, таърихи тӯлонӣ ва мероси ғании фарҳангиву таърихиро нишон медиҳанд.
Ӯзбекистон ба ҳайси ҳамоҳангсози лоиҳаи пешниҳоди номзад ба долони Зарафшон-Қароқум дар Роҳи бузурги абрешим баромад.