Дар мулоқот масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ, пеш аз ҳама дар бахши сӯзишворӣ ва энергетика баррасӣ шуданд. Пешрафти лоиҳаҳои амалкунандаи ширкат дар Ӯзбекистон бо қаноатмандӣ қайд гардид.

Сарвари давлати мо самтҳои афзалиятноки ҳамкориро бо «BlackRock» муайян намуд. Аз ҷумла, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи хусусигардонӣ, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории кишвар, рушди бозори молиявӣ, пешбурди лоиҳаҳо дар бахши нафту кимиё, инчунин сармоягузории муштарак ба технологияҳои зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

«BlackRock» як ширкати бузурги сармоягузории амрикоӣ мебошад, ки ба идоракунии дороиҳо ва фондҳои сармоягузорӣ, инчунин пешниҳоди хидматрасониҳои молиявӣ ихтисос дорад. Ҳаҷми дороиҳои таҳти идоракунии ширкат дар соли 2026 ба 14 триллион доллари ИМА расидааст.