Дар мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи шарикии стратегии Ӯзбекистону Италия, пеш аз ҳама дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ шуданд. Ба густариши ҳамкориҳои байни минтақаҳо таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки робитаҳои дуҷониба дар ҳама сатҳҳо фаъол гардида, нишондиҳандаҳои асосии ҳамкорӣ босуръат рушд доранд. Ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар аз аввали соли ҷорӣ 25 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар Ӯзбекистон бо иштироки ширкатҳои пешрафтаи итолиёвӣ лоиҳаҳо дар соҳаҳои металлургия, энергетика, кишоварзӣ, саноати кимиё ва дигар бахшҳои иқтисод бомуваффақият амалӣ мешаванд.

Зикр гардид, ки Ӯзбекистон ва Тосканаро робитаҳои бисёрасраи таърихиву фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд. Дар давраи Роҳи бузурги абрешим миёни Флоренсия ва шаҳрҳои қадимаи Ӯзбекистон савдои фаъол ҷараён дошт ва тоҷирону дипломатҳои флоренсӣ дар дарбори Амир Темур пазируфта мешуданд.

Имрӯз дар шаҳри Тошканд филиали Донишгоҳи Пиза бомуваффақият фаъолият мекунад, ки имсол аввалин хатмкунандагони худро ба камол мерасонад. Дар шаҳри Прато Хонаи савдои маҳсулоти нассоҷии Ӯзбекистон амал мекунад. Соли 2024 дар Галереяи Уффитсӣ дар шаҳри Флоренсия намоишгоҳи асарҳои санъати авангарди Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар мулоқот имкониятҳои бузурги рушди ҳамкорӣ бо вилояти Тоскана дар соҳаҳои саноати нассоҷӣ, чармгарӣ, хӯрокворӣ ва заргарӣ, сохтмон, инчунин дар бахшҳои маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ таъкид шуданд.

Ҳамчунин ба рушди муносибатҳои шарикӣ ва ба имзо расидани созишномаи ҳамкорӣ байни вилояти Тоскана ва вилояти Бухоро баҳои баланд дода шуд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки «харитаи роҳ»-и муштарак таҳия ва қабул карда шавад, ки татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои нави ҳамкорӣ байни Тоскана ва минтақаҳои кишвари моро пешбинӣ мекунад.

Вилояти Тоскана яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаи Италия буда, дорои иқтидори пурқуввати саноатӣ, истеҳсолоти технологияҳои баланд, кишоварзии муосир, шаробсозии машҳури ҷаҳонӣ ва соҳаи сайёҳии рушдёфта мебошад.

Пойтахти минтақа — Флоренсия  ҳамчун гаҳвораи эътирофшудаи давраи Эҳё (Ренессанс) шинохта шуда, дар рушди фарҳанг, илм ва санъати ҷаҳон саҳми бузург гузоштааст.