“Шаҳрҳои сабз”-и БАТР: роҳҳои ҳалли устувор барои шаҳрҳои оянда

    Нақлиёт 17 May 2023 933

    Дирӯз, 16 май дар Самарқанд ҷаласа ва форуми кории БАТР оғоз ёфт. Дар доираи рӯзи аввал дар мавзӯи «Шаҳрҳои сабз»-и БАТР: роҳҳои ҳалли устувор барои шаҳрҳои оянда баргузор шуда, қайд гардид, ки имсол барои шаҳри Самарқанд 100 адад электробуси замонавӣ харида шудааст.

    Тибқи иттилои хидмати матбуоти Вазорати нақлиёт, 6 майи соли 2023 аввалин шаш автобуси электрикӣ ба Самарқанд оварда шудааст.

    Қайд кардан ҷоиз аст, ки ин лоиҳаи БАТР бузургтарин лоиҳаи электриконидани автобусҳо дар минтақа мебошад. Ҳадафи лоиҳа пешгирии олудашавии ҳаво ва партовҳои газҳои гулхонаӣ, паст кардани садоҳо дар Самарқанд мебошад. Тибқи пешгӯиҳои лоиҳа, то декабри соли 2025 2362 тонна партовҳои зарарноки CO2 кам карда мешаванд. Лоиҳа эҳтиёҷоти 550 ҳазор нафар сокинони маҳаллиро дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ қонеъ хоҳад кард.

    Дар мубоҳисаи панелӣ намунаҳои такроршаванда ва миқёспазири лоиҳаҳои устувори инфрасохторӣ аз Осиёи Марказӣ ва минтақаи васеъ пешниҳод карда шуданд.

    Иштирокчиён инчунин ба он назар карданд, ки барои ҷалб ва сафарбар кардани бахши хусусӣ барои дастгирии лоиҳаҳои устувори инфрасохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ боз чӣ кор кардан мумкин аст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates