Зироат Мирзиёева ба раҳбари СҶТ барои саҳми бузурги ташкилот дар рушди тиб ва тандурустӣ дар ҷаҳон, дастгирӣ ва тавсеаи минбари ҷаҳонӣ оид ба таъмини дастрасии кӯдакони Ӯзбекистон ба доруҳои зидди саратон изҳори миннатдорӣ кард.
Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам фаъол гардондани ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти муайянсозии барвақтии саратони кӯдакон, ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхис ва муолиҷа, тайёриву бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи онкология ва гематология, инчунин густариши имкониятҳо оид ба расонидани кӯмакҳои реабилитатсионӣ ва равонӣ-иҷтимоӣ ба кӯдакон ва оилаҳои онҳо баён намуданд.
Роҳбари СҶТ ба фаъолияти Ӯзбекистон дар соҳаи тандурустӣ ва корҳои Фонди Zamin, ки лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ва экологиро амалӣ месозад, баҳои баланд дод.










