Калонтарин мономаркази ҷумҳурӣ, ки маҷмӯи якчанд биноҳои шашошёнаи ба ҳам пайвандро фаро гирифтааст, дар атрофи шаҳри Тошканд воқеъ гардидааст.

«Мономаркази «Тошканд» лоиҳаи озмоишӣ буда, бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев амалӣ шуда, аз ифтитоҳи он тақрибан ду сол сипарӣ шуд ва дар ин муддат дар ин ҷо 2500 нафар таҳсил карданд, мегӯяд ба мухбири ТАСС директори муассисаи мазкур Нодира Умарова. Вай қайд кард, ки дар ин марказ, ки бо технологияҳои навтарин муҷаҳҳаз шудааст, омӯзиш ройгон аст.

Барои ворид шудан ба мономарказ афроди бекоре, ки қасди барои кор ба Русия рафтанро доранд, ба маркази муҳоҷират, ки дар ошёнаи якуми яке аз биноҳои маҷмаа ҷойгир аст, муроҷиат мекунанд, пас аз пур кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, онҳо ба омӯзиши яке аз касбҳои техникӣ ва бинокорӣ фиристода мешаванд.

Муҳоҷирони меҳнатии оянда соҳиби касб шуда, дар интихоби номзадҳо барои кор дар қаламрави Федератсияи Русия, ки ширкатҳо ва корхонаҳои Русия мунтазам дар мономарказҳо мегузаронанд, иштирок мекунанд. Агар сатҳи тахассуси онҳо ба корфармоёни оянда мувофиқ бошад, марҳилаи навбатии омодагии онҳо ба кор дар хориҷа оғоз мешавад - комиссияи тиббӣ, ки аз ҷониби мутахассисони рус гузаронида мешавад, санҷиши манъи вуруди шаҳрвандон ба Русия ва ташхиси изи ангуштонро анҷом медиҳад.

"Одатан, мамнӯъият дар 1,5 дарсади хоҳишмандоне, ки ба Русия рафтан мехоҳанд, мушоҳида мешавад", ба мухбири ТАСС гуфт корманди маркази бисёрфунксияи муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия дар Маскав, ки намояндагии он чанде қабл дар асоси доимӣ дар доираи мономаркази Тошканд фаъолият мекунад. Ба гуфтаи ӯ, тақрибан нисфи муҳоҷирони корӣ мехоҳанд дар Маскав ва вилояти Маскав кор кунанд.

Донистани забони русӣ

Имрӯз яке аз шартҳои зарурии кори ӯзбекистониҳо дар Федератсияи Русия донистани забони русӣ мебошад. Дар Ӯзбекистон ин ба дӯши намояндагии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН), ки ҳамзамон дар зери боми мономаркази Тошканд ҷойгир аст, вогузор шудааст.

«Мутахассисони мо дар 26 самт методикаи махсуси таълими сокинони ҷумҳуриро таҳия кардаанд, дар ҳоле ки мо аз донишҷӯён, масалан, биография ё ашъори Пушкинро талаб намекунем, мо кӯшиш мекунем, ки корфармоён ва талаботи бехатариро фаҳманд», -- гуфт директори намояндагӣ Андрей Колесников.

Ба гуфтаи ӯ, давраи омӯзишӣ аз як то се моҳ буда, дар ин муддат довталабон маъмулан 500-600 калимаро азхуд ва аз ёд мекунанд, ки барои муошират ва кор дар Русия кофист.

«Дар доираи тренинг омӯзгорони забони русӣ низ ба ӯзбекистониҳо қоидаҳои одоби Русияро мефаҳмонанд, нақл менамоянд, ки дар кишвари мо чӣ кор кардан мумкину мумкин нест, -- илова намуд Колесников.

Ӯ кайд кард, ки дар вақтҳои охир Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия аз ҳисоби маблағи худ дар ҷумҳурӣ барои бозомӯзии 1500 нафар муаллимони забони русии маҳаллӣ як қатор семинарҳои ҳафтаинаю ҳармоҳа гузаронд.

Колесников таъкид кард, ки дар баробари ин мо забони русиро на танҳо дар мономарказҳо, балки дар ноҳияҳои дурдасттарини ҷумҳурӣ ҳам таълим дода истодаем.

Нақшаҳо ва пешомадҳо

Коршиносон бар ин назаранд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ муҳимтарин моддаи пур кардани буҷет дар ояндаи наздик боқӣ мемонад. Ин бо таваҷҷӯҳи ҳукумати ҷумҳурӣ ба муҳайё кардани шароит барои рушди он тавзеҳ дода мешавад. Аз ҷумла, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз изҳорот дар бораи тавсеаи ҳамкорӣ дар ин замина, ки дар ҳамоиши моҳи октябри ИДМ дар Душанбе пазируфта шуд, истиқбол кард. Ӯ қайд кард, ки марҳилаи баъдӣ бояд иқдомҳои муштарак барои беҳбуди бозори меҳнат бошад.

Президенти ФР Владимир Путин 9 декабр дар ҷаласаи Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар аҳамияти онро қайд намуд, ки мардуме, ки барои кор ба Русия мераванд, омодагӣ ба ин сафарро  дар ватани худ бинанд, забон, қонунгузории Русияро омӯзанд, ҳуқуқи худ ва урфу одатҳои сокинони Федератсияи Русияро донанд.