Сохтмони маҷмааро 27 июни соли гузашта Сарвари давлат оғоз бахшида буд. Дар технопарк, ки дар 400 гектар майдон бунёд мешавад, якҷоя бо сармоягузорони чинӣ 31 лоиҳа ба маблағи 1 миллиарду 200 миллион доллар амалӣ мегардад.

Дар муддати сипаришуда инфрасохтор ва иншооти зарурӣ бунёд гардиданд. Чанде пеш аввалин корхона – аз ҷониби ширкати “Xinjiang Honglin Tiandi” лоиҳаи тайёр кардани маҳсулоти бетонӣ, бо арзиши 10 миллион доллар ба кор дароварда шуд. 60 нафар бо кор таъмин гардиданд.

Ҳоло корҳои лоиҳаи дуюм ба маблағи 42 миллион доллар дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад. Дар доираи он, таҳти тамғаи “Midea”, ҳар сол 300 ҳазор адад таҷҳизоти маишии барқӣ истеҳсол карда мешавад. 150 ҷойи кор ташкил мегардад.

Ба роҳбари давлат оид ба ин ва дар бораи лоиҳаҳои навбатӣ маълумот дода шуд.

Дар марҳилаи аввал ба минтақаи махсуси саноатӣ 9 лоиҳа ҷойгир карда шудаанд. Ҳоло корҳои сохтмони 7 лоиҳаи дигар ба маблағи тақрибан 300 миллион доллар идома дорад. Дар онҳо масолеҳи сохтмон, конструксияҳо, таҷҳизоти барқӣ ва маҳсулоти кимиёвӣ истеҳсол мегардад, маркази логистикӣ ва омӯзишӣ таъсис дода мешавад.

Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳо дар минтақаи саноатӣ ба маблағи 5 триллион сӯм маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мегардад, истеҳсоли 15 навъи маҳсулоти нав роҳандозӣ шуда, иқтидори содиротӣ ба маблағи 70 миллион доллар фароҳам мегардад. Муҳимтар аз ҳама, беш аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кор мегарданд.

Президент аз рӯйи кӯмак ба сармоягузорон ва суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳо дастур дод. Аҳамияти омода кардани мутахассисони соҳаҳои саноатӣ ва таъмини шуғли ҷавононро таъкид кард.