Имрӯз дар пойтахти Перу чемпионати ҷаҳон оид ба вазнабардорӣ миёни наврасон ва ҷавонон оғоз меёбад. Мусобиқа то 5 май идома меёбад. Дар ин чорабинӣ 531 варзишгар аз 77 кишвари дунё, аз ҷумла дастаи Ӯзбекистон иштирок мекунад.
Дар шаҳри Уси Чин чемпионати ҷаҳонии шамшербозӣ байни наврасон ва ҷавонон идома дорад. Дирӯз дар мусобиқаҳои даставӣ, наврасони шамшерзани Ӯзбекистон ҳам дар миёни духтарон ва ҳам дар миёни писарон медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба вазнабардорӣ миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Дуррес (Албания) ҷараён дорад, мунтахаби Ӯзбекистон медалҳои аввалини худро ба даст овард. Диёрбек Эрматов (-81 кг) 1 медали тилло ва 2 биринҷӣ ба даст овард.