Дар оғози суҳбат Ҷевдет Йилмаз ба сарвари давлатамон саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоғанро расонд.
Масъалаҳои мубрами минбаъд вусъат додан муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории бисёрҷанба баррасӣ шуданд.
Идомаи робитаҳои пуршиддат дар ҳама сатҳҳо бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуданд. Ҳаҷми муомилоти мол, миқдори лоиҳаю корхонаҳои муштарак, мавҷи парвозҳои бевосита меафзояд.
Бо иштироки ширкатҳои бонуфузи Туркия лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъдан, хӯрокворӣ, нассоҷӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ карда мешаванд.
Ба таҳияи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкориҳои стратегии сатҳи баланд, пеш аз ҳама ба ташаккули портфели нави лоиҳаҳои ҳамкорӣ ва барномаи табодули фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.