Тибқи фармони Президенти Ӯзбекистон,
аз 1 майи соли 2026 сар карда, ҳар моҳ рӯзҳои 10 ва 25-уми моҳ дар кишвар иқдомҳои
«Рӯзи бидуни автомобил» ва «Ҳафтаи бидуни автомобил» баргузор карда мешаванд.
Дар ин рӯзҳо ба кормандони ташкилоту идораҳои давлатӣ
истифодаи нақлиёти хидматӣ манъ аст. Ҳамзамон, ҳатто агар иқдом дар рӯзи корӣ
баргузор шавад ҳам, маоши ронандагон нигоҳ дошта мешавад.
Мақомот таъкид мекунанд, ки ин ташаббус ба коҳиши партовҳои
зараровар ба атмосфера, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги экологӣ ва
инчунин баланд бардоштани таваҷҷуҳ ба нақлиёти ҷамъиятӣ ва аз лиҳози экологӣ
тоза равона шудааст.
Барои ҳамоҳангсозии иқдом протоколи махсус қабул шудааст,
ки мутобиқи он истифодаи нақлиёти хидматӣ дар рӯзҳои баргузории чорабинӣ ҳамчун
нақзи меъёрҳои ахлоқи хидматӣ арзёбӣ шуда, метавонад боиси ҷавобгарии интизомӣ
гардад.
Дар доираи иқдом инчунин дар саросари кишвар чорабиниҳои
маърифатӣ, сайругаштҳои оммавӣ ва ташаббусҳои ҷамъиятии экологӣ баргузор хоҳанд
шуд.
Аз шаҳрвандон ва кормандони ташкилотҳои давлатӣ даъват
шудааст, ки иқдомро фаъолона дастгирӣ намуда, дар беҳтар гардидани вазъи экологӣ
дар кишвар саҳм гузоранд.