Дар майдони назди қароргоҳ қаровули фахрӣ саф кашид. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олимақомро самимона истиқбол намуда, ӯро ба шоҳсуфа даъват кард.
Бо иҷрои оркестри ҳарбӣ сурудҳои миллии Ӯзбекистон ва Чехия садо доданд. Роҳбарон аз назди сафҳои қаровули фахрӣ гузашта, аъзои ҳайатҳои расмиро хайрамақдам гуфтанд.
Пас аз анҷоми маросим ва аксбардории муштарак, музокирот дар сатҳи олӣ оғоз гардид.