Сармояи ӯ то 977,2 миллиард доллар коҳиш ёфтааст.
Тавре ки хабаргузории «Report» бо истинод ба маҷаллаи Forbes иттилоъ медиҳад, 13 октябр сарвати соҳибкор 28,6 миллиард доллар ё тақрибан 2,8 фоиз кам шудааст.
Сабаби асосии ин коҳиш арзон шудани саҳмияҳои SpaceX беш аз 3 фоиз пас аз оғози савдо будааст. Арзиши саҳмияҳои Tesla низ тақрибан 0,5 фоиз поин рафтааст.
Маск ҳамагӣ чор рӯз пеш, дар пайи болоравии нархи саҳмияҳои ҳар ду ширкат, мақоми триллионериро боз ба даст оварда буд.
Бори аввал сарвати ӯ пас аз ба биржа баровардани саҳмияҳои SpaceX дар моҳи июни соли 2026 аз 1 триллион доллар гузашт.
Тибқи арзёбии Forbes, тақрибан 48,4 фоизи саҳмияҳои SpaceX ва 11 фоизи саҳмияҳои Tesla ба Илон Маск тааллуқ доранд.
Коҳиш ёфтани арзиши саҳмияҳои SpaceX дар пасманзари фурӯши густурдаи саҳмияҳои ширкатҳои истеҳсолкунандаи микросхемаҳо барои зеҳни сунъӣ ба амал омадааст.