Роҳбари ФАО бо мақсади иштирок дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пахта ва Форуми дуюм оид ба рушди низомҳои кишоварзӣ ва озуқавории кишварҳои дар ҳоли рушде, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, дар кишвари мо қарор дорад.
Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ миёни Ӯзбекистон ва ин ниҳоди бонуфузи СММ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ баррасӣ шуданд.
Натиҷаҳое, ки солҳои охир дар доираи ҳамкориҳои амалӣ ба даст омаданд, эътироф гардиданд. Барномаи нави панҷсола қабул карда шуд. Ҳоло 27 лоиҳаи муштарак ба марҳилаи фаъоли татбиқ ворид шудааст.
Ӯзбекистон бори аввал барои давраи солҳои 2028–2029 ба ҳайати Шӯрои ФАО интихоб гардид. Пагоҳ дар Тошканд Маркази агроинноватсионӣ барои кишварҳои маҳрум аз дастрасӣ ба баҳр ба кор шурӯъ мекунад.
Дар идомаи мулоқот ба масъалаҳои татбиқсозии босамари барномаи нави ҳамкорӣ, таҳияи бастаи лоиҳаҳои муштараки ояндадор дар соҳаҳои рақамикунонии кишоварзӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ дар ин бахш, ҷалби маблағҳои молиявии иқлимӣ, табодули таҷриба ва омодасозии мутахассисон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Дар поёни суҳбати самимӣ Тсюй Дунъюй ба сифати эътирофи бузурги ташаббус ва дастовардҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бахшҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди кишоварзӣ ва хоҷагии об ба Сарвари давлати мо ҷоизаи олии ФАО – медали «Agricola»-ро супорид.
Медали «Agricola», ки соли 1977 аз тарафи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ таъсис дода шудааст, ба арбобони барҷастае тақдим мегардад, ки дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои умумибашарӣ, аз ҷумла аз байн бурдани гуруснагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, фидокорӣ нишон дода, тадбирҳои амалӣ андешидаанд.