Дар
ин бора Бахтиёр Саидов дар канали Telegram-и худ хабар дод.
Зимни
мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи миёни Ӯзбекистон
ва Кувайтро баррасӣ карданд. Ба таҳкими муколамаи сиёсӣ, густариши робитаҳои тиҷоративу
иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар майдонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Қайд
шуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Кувайт дар моҳи феврали соли 2025 муносибатҳои дуҷонибаро
ба сатҳи нави сифатӣ баровардааст.
Ҳамчунин
ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориро дар доираи Шӯрои ҳамкории давлатҳои
арабии Халиҷ ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ намуданд.
Дар
поёни мулоқот ҷониби Ӯзбекистон ба сафири нави Кувайт дар фаъолияти масъули
дипломатии ӯ дар Ӯзбекистон муваффақият орзу кард.