Ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистонро муовини аввали вазири корҳои
хориҷӣ Баҳромҷон Аълоев ва ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эронро муовини вазири корҳои
хориҷӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ Маҷид Тахти-Раванчӣ роҳбарӣ карданд.
Дар ҷараёни машваратҳо ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои
рушди минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Эрон, инчунин масъалаҳои таҳкими
муколамаи сиёсӣ ва густариши ҳамкории амалӣ миёни ду кишварро баррасӣ карданд.
Ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва
сармоягузорӣ, рушди робитаҳои нақлиётиву транзитӣ, тавсеаи табодули фарҳангиву
гуманитарӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ
таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва
байналмилалӣ, ки барои ҳар ду ҷониб мавриди таваҷҷуҳ мебошанд, мубодилаи
муфассали афкор сурат гирифт.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба таҳкими
минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ миёни
вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар тасдиқ карданд, хабар медиҳад хадамоти
матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.