Дар доираи сафар бо дастгирии Консулгарии генералӣ ва дар ҳамкорӣ бо ассотсиатсияи «Foshan Home Building Materials Industry» суҳбати "мизи мудаввар" ва музокирот дар формати B2B бахшида ба дурнамои ҳамкорӣ дар ин соҳа баргузор гардид.

Ҳамчунин, ҳайат аз корхонаҳои «ZCY Group» ва «Guangdong Sanci Smart Home Technology» боздид намуда, бо раванди истеҳсол ва навъҳои маҳсулоти онҳо шинос шуданд.

Дар натиҷаи мулоқотҳо ҷонибҳо оид ба густариши табодули таҷриба, интиқоли технология ва таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар қаламрави Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд.