«Ҳар як мағзи сар
мисли изи ангушт беназир аст ва қобилияти рушд дорад. Ин пажӯҳиш андешаи коҳиши
ногузири қобилиятҳои зеҳниро рад намуда, нишон медиҳад, ки саломатии мағзи
сарро дар ҳар синну сол метавон беҳтар кард», — таъкид намуд роҳбари тадқиқотҳои клиникӣ Лори Кук.
Дар
озмоиш қариб 4 ҳазор нафар калонсолони аз 19 то 94-сола иштирок намуданд. Онҳо ҳар
рӯз аз 5 то 15 дақиқа машқҳои кӯтоҳи зеҳниро иҷро мекарданд.
Натиҷаҳо
нишон доданд, ки ҳатто дар одамони аз 80-сола боло низ пешрафти мусбат мушоҳида
шудааст. Ин далел собит месозад, ки нигоҳубини саломатии маърифатӣ (когнитивӣ) ҳатто
дар синни пирӣ самаранок буда, фоидаи он пеш аз пайдо шудани нишонаҳои аввалини
бемориҳо эҳсос мешавад.
«Мо муддати хеле дароз ба тасаввури кӯҳна такя мекардем:
гӯё бояд мунтазир шуд, то бо мағзи сар ягон мушкилӣ рух диҳад ва танҳо баъд
чора андешид. Ин таҳқиқот ба мо хотиррасон мекунад, ки мағзи сари инсонро на
синну сол, балки имкониятҳои он муайян мекунанд», — иқтибос меорад нашрияи
Science Daily суханони муаллифи сармуҳаққиқ Сандра Бонд Чепменро.