Мувофиқи қарори роҳбари давлат аз 27 январи соли 2025 «Дар бораи рушди минбаъдаи низоми нақлиётиву логистикии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» бо мақсади пайвастани пойтахт бо ноҳияи Паркент хатти нави роҳи оҳани барқӣ сохта шуд. Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ дар хатсайри Тошканд – Паркент ҳаракати қатораи барқӣ роҳандозӣ гардид.
Ин роҳи оҳан баробари таҳкими робитаҳои нақлиётӣ байни пойтахт ва Паркент, барои васеъ намудани имкониятҳои равуои аҳолӣ, баланд бардоштани ҷозибаи сайёҳии ноҳия, инчунин рушди соҳибкорӣ ва соҳаи хидматрасонӣ мусоидат мекунад.
Дар доираи лоиҳа бо харҷи 535,4 миллиард сӯм ба масофаи 24 километр хатти роҳи оҳани барқии Бойтқӯрғон – Паркент сохта шуд. Ҳамзамон, як истгоҳи нав, се пул, гузаргоҳи автомобилӣ, 77 иншооти обгузар ва 16 гузаргоҳи ҳамсатҳи роҳҳои автомобилгарду оҳан бунёд гардид.
Инчунин, ба масофаи 24 километр шабакаи алоқа ва хатти интиқоли неруи барқ сохта шуд. Дар натиҷаи татбиқсозии лоиҳа 40 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Дар хатсайри Тошканд – Паркент, ки масофаи умумии он 57,6 километрро ташкил медиҳад, қатораи муосири барқии «ЭП3Д», иборат аз шаш вагон ҳаракат мекунад. Қатора, ки 124 миллиард сӯм арзиш дорад, барои интиқоли 586 мусофир пешбинӣ шуда, бо суръати то 120 километр дар як соат ҳаракат менамояд.
Қатораи барқӣ масофаи байни Тошканд ва Паркентро дар 1 соату 13 дақиқа тай мекунад. Нархи роҳкиро 10 ҳазор сӯм муқаррар гардидааст, ки нисбат ба арзиши миёнаи хидматрасонии таксӣ дар ин масир 2,5 баробар арзонтар аст.
Дар хатсайри нав имкони интиқоли то 2 ҳазор мусофир дар як шабонарӯз ва 300 ҳазор мусофир дар як сол мавҷуд аст.
Дар қатораи барқӣ барои мусофирон шароити муосир фароҳам шудааст. Вагонҳо бо низоми назорати иқлим, курсиҳои бароҳат, нуқтаҳои қувватдиҳии USB ва шабакаи ройгони Wi-Fi таҷҳизонида шудаанд.
Барои шахсони маълӯл таҷҳизоти махсуси бардоранда ва ҷойҳои мутобиқшуда, инчунин таҷҳизоти интиқоли дучархаҳо, таблоҳои электронии иттилоотӣ насб шудаанд. Бо мақсади таъмини бехатарӣ назорати видеоӣ ва низоми коҳишдиҳандаи қувваи зарба ҳангоми бархӯрд мавҷуд аст.
Зимни сафар Президенти кишвар ба масъалаи истифодаи боз ҳам босамари иқтидори иқтисодии вилояти Тошканд таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Бахусус, таъкид гардид, ки барои истифодаи оқилонаи захираҳои замин, таъмини амнияти озуқаворӣ, инчунин, на камтар аз ду баробар афзун намудани иқтидори соҳаҳои кишоварзӣ ва коркарди маҳсулот имкониятҳои васеъ мавҷуданд.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо истгоҳи нави роҳи оҳани Паркент ба масъулон ҷиҳати такмили минбаъдаи инфрасохтори роҳи оҳан, баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ дар вокзалҳо, фароҳам овардани шароити хубу мусоид барои мусофирон, таъмини самарадории ҳаракати қатораҳо ва обод кардани минтақаҳои ҳамшафати роҳи оҳан супоришҳои дахлдор дод.