Соли гузашта дар гуфтушунидҳои бисёрҷониба ва дуҷониба, ки дар доираи раванди шомилшавии Ӯзбекистон ба СҶС баргузор гардиданд, натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд.

Аз ҷумла, ду ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба пайвастани Ӯзбекистон ба СҶС баргузор шуд. Дар доираи онҳо ба кишварҳои узви СҶС зиёда аз 200 посух ба саволҳо ва бештар аз 30 ҳуҷҷати марбут ба савдои хориҷӣ пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, зиёда аз 40 даври гуфтушунидҳои дуҷониба баргузор шуда, дар соли 2025 музокирот бо 11 кишвар ба анҷом расид ва шумораи умумии кишварҳое, ки бо онҳо гуфтушунидҳо анҷом ёфтаанд, ба 33 расид.

Аъзои СҶС ислоҳоти босуръатеро, ки дар Ӯзбекистон дар самти гузариш ба иқтисоди бозорӣ амалӣ мешаванд, баҳои мусбат медиҳанд. Аз ҷумла, соли гузашта 68 санади меъёриву ҳуқуқӣ ба талаботи СҶС ва меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуданд.

Қайд гардид, ки дар доираи мутобиқсозӣ ба қоидаҳои СҶС тартиби бақайдгирии объектҳои моликияти зеҳнӣ содда карда шуда, чораҳои ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт пурзӯр гардиданд, маҳдудиятҳои содиротӣ бекор ва боҷҳои содиротӣ бо механизми шаффоф ҷорӣ карда шуданд, инчунин амалияи муайян намудани нархҳои ҳадди ақали содиротӣ барои баъзе намудҳои маҳсулот бекор карда шуд.

Ғайр аз ин, дар доираи ислоҳоти васеъ оид ба  коҳиш додани монеаҳои техникии савдо, чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ, ба ҷойи тартиби бюрократии бақайдгирии ҳатмии давлатии маҳсулоти дорои хатари баланд, низоми сертификатсия ҷорӣ гардид.

Назорат аз болои бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ба Кумитаи беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва саломатии ҷамъиятӣ вогузор шуда, 14 низомномаи техникӣ оид ба маҳсулоти озуқаворӣ бекор карда шуданд. Инчунин, талаботи сертификатсияи ҳатмӣ барои 747 навъи мол бекор гардида, феҳрист 27 фоиз коҳиш дода шуд.

Дар ҷараёни тақдимот қабули қонунҳои нав «Дар бораи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ» ва «Дар бораи чораҳои ҳифзи савдо», инчунин вазъи ҷорӣ намудани тартиботи таҳлили хавфҳо, пайгирӣ ва асоснокии илмӣ дар соҳаҳои санитария, байторӣ ва карантин баррасӣ гардиданд.

Роҳбари давлати мо барои татбиқи босифати чораҳои маҷмӯӣ ҷиҳати ба расмият даровардани узвияти комили Ӯзбекистон дар Созмони ҷаҳонии савдо дар соли 2026 дастурҳо дод.

Ҳамчунин чораҳои зарурӣ барои идомаи мунтазами мутобиқсозии қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба қоидаҳои СҶС ва стандартҳои байналмилалии савдо, анҷоми гуфтушунидҳои дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба пайвастан ва ба расмият даровардани узвият дар СҶС муайян карда шуданд.