Роҳбари давлат дар Госпитали марказии ҳарбии клиникии Қувваҳои
Мусаллаҳ бо Акмалбобо Акрамов, Вера Журавская, Ҳасанбой бобо Холматов ва
Владимир Алексейков аз дил суҳбат орост. Аз аҳволу саломатии пиронсолон пурсон
шуд. Роҳи пурмашаққати зиндагӣ ва қаҳрамониҳои онҳоро махсус эътироф намуд.
Иштирокдорони
Ҷанги дуюми ҷаҳон, собиқадорони ақибгоҳ ва аъзои оилаи хидматчиёни ҳарбие, ки тӯли
солҳои истиқлолият ҳангоми адои вазифаи хидматӣ ҳалок шудаанд, зери ғамхории
доимии давлат қарор доранд. Ба онҳо дар баробари пешниҳоди кӯмакҳои моддию
маънавӣ, барои барқарор намудани саломатӣ ба беҳтарин осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ роҳхати
имтиёзнок ҷудо карда шудааст.
–
Офаридигор ба шумо ҳамчун мукофоти ватандӯстӣ ва меҳнати фидокорона умри дароз
ва бахти дар эҳтироми халқу диёр зистанро насиб гардондааст. Дуоҳои шумо барои
кишварамон амонӣ ва ба корҳои мо баракат аст, – гуфт Президент.
Зимни
мулоқот пиронсолон ба роҳбари давлат барои ислоҳоте, ки дар мамлакат бобати эҳёи
хотираи таърихӣ ва эҳтироми калонсолон амалӣ мешаванд, изҳори миннатдорӣ
намуданд.