Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстона баррасӣ гардиданд, хабар медиҳад ИА «Дунё».
Умар ал-Шамсӣ ба сафири нав дар иҷрои вазифааш барору комёбӣ орзу намуда, омодагии худро барои густариши муносибатҳо миёни АМА ва Ӯзбекистон дар ҳамаи самтҳо изҳор дошт.
Сафири Ӯзбекистон таъкид кард, ки барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои анъанавии дӯстона миёни ду кишвар тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад.
Сафири нав 43-сола буда, Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатияро хатм кардааст. Ӯ аз соли 2005 дар низоми Вазорати корҳои хориҷӣ фаъолият дошта, фаъолияти дипломатии худро ҳамчун референт оғоз намудааст ва дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла дар намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Вашингтон ва Ню-Йорк кор кардааст.
Солҳои 2018–2023 намояндаи доимии Ӯзбекистон дар назди ЮНЕСКО дар Париж буд, соли 2023 раиси Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон таъин гардид.
Умид Шодиев Абдулазиз Аккуловро, ки солҳои 2022–2025 сафири Ӯзбекистон дар АМА буд ва моҳи декабри соли 2025 раиси Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон таъин гардид, иваз намуд.