Соҳибихтиёрии миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин шарту заминаи рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар як мамлакат ба ҳисоб меравад. Ин омилҳои ҳалкунанда барои ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи муносиб ишғол намудани давлат, таъмини зиндагии осоишта ва фаровони мардум ва ҳифзи ҳамаи манфиатҳои он хидмат мекунад.
Истиқлолияти миллии мо натиҷаи иродаи қатъии халқи мард ва диловарамон, амалӣ шудани орзуву умедҳои ниёи фидокорамон, ки дар роҳи истиқлол мубориза бурдаанд, пойдевори мустаҳками корҳои накӯямон, ки барои бунёди Ӯзбекистони Нав нигаронида шудаанд, инчунин, арзиши бузург ва муқаддасе мебошанд, ки мо бояд онро ба наслҳои оянда бекамбуд расонем.
Таҳрири нави Конститутсияи мо, ки дар худ кафолатҳои сиёсиву ҳуқуқии ғояҳои соҳибихтиёрии миллии мамлакат ва истиқлолияти давлатиро таҷассум менамояд, инчунин роҳи рушди мо – дар асоси Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», ҷиҳати арҷгузории қадру қимати инсон, таҳкими фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи сермиллати мо, ҳифзи урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот дар кишвар, пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии он, рушди ҳамсоягии нек дар минтақа ва баланд бардоштани обрӯю эътибори Ватани мо дар арсаи байналмилалӣ такягоҳи мустаҳкам гардидааст.
Бо назардошти аҳамияти бузурги истиқлолияти миллӣ дар таърихи давлатдорӣ, ҳаёти имрӯза ва ояндаи кишвар, бо мақсади мутобиқ ба иқтидори бузурги имрӯза ва нуфузи Ӯзбекистони Нав дар арсаи ҷаҳонӣ дар сатҳи баланд ва ба таври шоиста гузаронидани 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қарор мекунам:
1. Инҳо:
а) консепсия ва барномаи ғоявию бадеӣ, ки дар худ ғояи асосии «Ҳамчун як Ватан, як халқ, ҳаёт ва ояндаи навро меофарем!» таҷассум намудааст, мувофиқи замимаҳои 1 ва 2;
б) ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ва гузаронидани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.
2. Комиссияи ҷумҳуриявӣ (А. Арипов):
а) бо мақсади таҷлили муносиби 35-солагии ҷашни Истиқлол дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шаҳри Тошканд, марказҳои вилоят ва ноҳияҳо (шаҳрҳо), ҳамаи маҳаллаҳо, деҳот ва овулҳо, инчунин дар низоми вазорату идораҳо, мутобиқи мазмун ва самтҳои асосии консепсия таҳияи барномаҳои чорабиниҳо ва таъмини иҷрои онҳо.
Дар ин раванд ба самтҳои афзалиятноки зерин диққати махсус дода шавад:
(i) васеъ инъикос намудани имконият ва дастовардҳои бузурге, ки дар натиҷаи ислоҳоти дар Ӯзбекистони Нав татбиқшаванда, ба вуҷуд омадаанд;
(ii) нишон додани пайваста беҳтар гардидани фаровонии рӯзгори шаҳрвандон дар натиҷаи рушди босуръат ва устувори иқтисодиёти мамлакат;
(iii) инъикоси ислоҳот бобати таҳкими иқтидори мудофиавӣ, ки ба таъмини осудагии кишвар ва дахлнопазирии сарҳадҳо хидмат мекунанд;
(iv) таъкиди аҳамияти дастовард ва натиҷаҳое, ки ба шарофати истиқлол дар самти рушди арзишҳои миллӣ, давлатдорӣ ва институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, аз ҷумла низоми маҳалла ба даст омадаанд;
(v) эътирофи шароити зарурие, ки барои таъмини манфиатҳои пиронсолон, занону духтарон ва қабати ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин ҳамчун “Бунёдкорони Ӯзбекистони Нав” дониш ва касб омӯхтани ҷавонон, амалӣ намудани ташаббусҳои соҳибкорӣ ва рушди истеъдодҳо фароҳам гардидаанд;
(vi) ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд таблиғ намудани ҳифз ва таҳкими муҳити дӯстии байни миллатҳо ва таҳаммулпазирии байни динҳо;
(vii) таъмини ҷалби фаъолонаи ҳамаи ҷавонон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва этникӣ, инчунин ҳамватанон ба чорабиниҳои идона.
б) таъсис додани гурӯҳҳои эҷодии бадеӣ аз ҳисоби намояндагони илму фан, таълим, фарҳанг, адабиёт ва санъат, варзишгарон ва вакилони ҷамъиятӣ ва дар давоми моҳҳои апрел–сентябр дар саросари ҷумҳурӣ бо иштироки онҳо баргузор намудани «Ҷашни истиқлол» (фестивал), ки чорабиниҳои васеи маънавию маърифатӣ ва лоиҳаҳои иҷтимоиро дар бар мегирад;
в) дар омодагӣ ба чорабинии асосии идона, ки дар шаҳри Тошканд гузаронида мешавад, ҷалб намудани сенариянависон ва коргардонҳои маъруф, шоиру нависандагон, овозхонон ва оҳангсозон, балетмейстерҳо, рассомони саҳна ва иҷрокунандагони ҷавони боистеъдод;
г) андешидани чораҳо барои дар сатҳи баланд ташкил намудани маросимҳои тантанавии ифтитоҳи корхонаҳои бузурги саноатӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, таълимӣ ва варзишии кишвар дар арафаи 35-солагии истиқлолият.
3. Муайян карда шавад, ки оид ба омодагӣ ва баргузории чорабинии асосии идона дар шаҳри Тошканд Вазорати фарҳанг ташкилоти масъул ба ҳисоб меравад.
4. Академияи бадеӣ, Вазорати фарҳанг, Иттифоқи нависандагон ва Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ то 1 июни соли 2026 лоиҳаи эскизии муҷассамаи рамзии «Фидокорони Ватан»-ро, ки ғояҳои истиқлолият ва соҳибихтиёрии миллӣ ва симои бунёдкорони Ӯзбекистони Навро инъикос менамояд, таҳия намуда, ба Девони Вазирон пешниҳод кунанд.
Дар қисми марказии боғҳои умумимиллии ваҳдат, ки тӯли солҳои 2026–2030 дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, ноҳия ва шаҳрҳо бунёд мегарданд, гузоштани ин муҷассама ба инобат гирифта шавад.
5. Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ якҷо бо Институти тадқиқоти рушди Ӯзбекистони Нав, Ҳаракати умумимиллии «Юксалиш» ва Маркази «Стратегияи тараққиёт» то 1 августи соли 2026 бахшида ба ислоҳоте, ки дар ҳар як соҳа амалӣ мегарданд, натиҷаҳои онҳо ва дастовардҳои ноилшуда китоб-албоми махсуси «Зафарномаи истиқлол»-ро омода намояд.
6. Агентии корҳои ҷавонон ва Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ аз моҳи апрели соли 2026 дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти ҳештегҳои #Mustaqillik35 ва #Uzb35 аксияҳои таблиғотӣ (флешмоб, подкаст, викторинаҳо ва ғайра)-ро оғоз намоянд.
7. Агентии кинематография, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ва Иттиҳоди миллии медиаи Ӯзбекистон аз моҳи апрели соли 2026 таҳия ва пахши силсилаи филмҳои мустанад ва барномаҳо таҳти рукни «Солномаи 35 соли истиқлолият»-ро, ки марҳилаҳои таърихии истиқлолият, дастовардҳо ва корҳои бунёдкориро инъикос мекунанд, таъмин намоянд.
8. Ба пешниҳоди Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлис, Вазорати адлия ва Институти қонунгузорӣ ва сиёсати ҳуқуқӣ дар бораи баргузор намудани конференсияи байналмилалии илмиву амалӣ таҳти унвони «Ӯзбекистони соҳибистқлол – роҳи 35-солаи рушд: ислоҳот, натиҷаҳо ва дурнамо» дар моҳи августи соли 2026 дар шаҳри Тошканд иҷозат дода шавад.
9. Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ якҷо бо Бунёди ҷамъиятии «Ватандошлар», Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Иттифоқи нависандагон дар моҳҳои август–сентябри соли 2026 бо иштироки ҳамватанони хориҷӣ ва намояндагони диаспораи ӯзбек таҳти шиори «Ӯзбекистони мустақил – ғурури ман, ифтихори ман» чорабиниҳои фарҳангиву маърифатиро ташкил намоянд.
10. Бонки марказӣ то 1 сентябри соли 2026 ҷиҳати сикка задани тангаи тиллоии хотиравии «Мустақилликнинг 35 йиллиги» чораҳо андешад.
11. Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон ва Вазорати нақлиёт то 1 майи соли 2026 мутаносибан аз рӯйи гузоштани номи «35-солагии Истиқлол» ба яке аз маҳаллаҳои навтаъсис ва яке аз истгоҳҳои роҳи оҳан пешниҳодҳои худро ворид намоянд.
12. Муайян карда шавад, ки баргузории чорабиниҳои идона:
а) дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо – аз ҳисоби манбаъҳои иловагии буҷаҳои дахлдори маҳаллӣ, ҳамчунин маблағҳои сарпарастӣ;
б) дар шаҳри Тошканд – мувофиқи сметаи хароҷот, ки аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ тасдиқ шудааст, дар саҳми баробар аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва буҷаи маҳаллии шаҳри Тошканд маблағгузорӣ мешавад.
13. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Оҷонсии иттилоотии «Дунё» тавсия дода шавад, ки дар бораи истиқлолияти кишвар, роҳи рушди Ӯзбекистони Нав ва ҳамҷиҳатии халқамон силсилаи матолибро омода ва паҳн кунанд.
14. Комиссияи ҷумҳуриявӣ иҷрои қарорро назорат намуда, ҳар моҳ пешниҳоди ахборот ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар ҳолатҳои зарурӣ андешидани чораҳои иловагиро таъмин намояд.
15. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов вогузор карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ
шаҳри Тошканд,
1 апрели соли 2026.