Дар мулоқот инчунин сарони ҳукуматҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва
Русия, ҳамчунин раиси Коллегияи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Боқитҷон Сағинтоев
иштирок доштанд. Ӯзбекистон дар ин чорабинӣ ҳамчун давлати нозир дар назди Иттиҳоди
иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) намояндагӣ кард.
Садир Ҷапаров зимни истиқболи иштирокчиён таъкид намуд, ки Қирғизистон ИИАО-ро
ҳамчун як минбари муҳим барои рушди шарикии баробарҳуқуқ ва судманд, амиқтар намудани
ҳамгироии иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак арзёбӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин
омодагии кишварашро барои идомаи иштироки фаъолона дар фаъолияти Иттиҳод изҳор
дошт.
Президенти Қирғизистон инчунин хабар дод, ки Форуми навбатии иқтисодии
АвруОсиё соли 2027, дар давраи раёсати Қирғизистон дар ниҳодҳои ИИАО дар ин
кишвар баргузор хоҳад шуд. Ӯ пешниҳод кард, ки доираи иштирокчиёни форум аз ҳисоби
давлатҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ васеъ карда шавад.
Дар ҷараёни мулоқот ба рушди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва маҷмааи
агросаноатӣ, инчунин таъмини дастрасии баробари кишварҳои узви Иттиҳод ба
механизмҳои дастгирӣ ва маблағгузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ӯзбекистон дар ин чорабинӣ ҳамчун давлати нозир иштирок намуда, ҳамкориҳои
худро бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз рӯи самтҳои афзалиятнок идома медиҳад.