Ин санадҳо ба рушди минбаъда ва амиқсозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳо равона шудаанд.

Аз ҷумла:

– Изҳороти муштарак оид ба натиҷаҳои сафари Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

– Барномаи табодули фарҳангӣ байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2026–2030;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи Аюрведа ва дигар намудҳои тибби анъанавӣ;

– Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ;

– Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

– Протокол оид ба гузаронидани таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ҳудуди Фаёзтепа ва Қаратепа;

– Ёддошти тафоҳум оид ба муколамаи иқтисодӣ ва молиявӣ;

– Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2026–2028;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геология ва захираҳои минералӣ;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи бойгонӣ;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатия ва Институти робитаҳои хориҷии ба номи Сушма Свараҷ;

– Созишнома оид ба барқарор намудани муносибатҳои шарикӣ байни вилояти Самарқанд ва иёлати Гуҷарат.