Омилҳои асосии фишор ба уқёнусҳо ифлосшавии муҳити зист ва моҳидории саноатӣ аз ҳад зиёд мебошанд. Таъсири онҳо рӯз аз рӯз бештар эҳсос мешавад.

Дар таҳқиқот қариб 600 олим аз 86 кишвар иштирок карданд. Онҳо арзёбӣ карданд, ки чӣ гуна вазъи уқёнусҳои ҷаҳон аз соли 2021 то 2025 тағйир ёфтааст. Натиҷаҳо нишон доданд, ки болоравии сатҳи баҳр аз 2 мм дар як сол дар соли 2015 то 4,3 мм дар як сол дар соли 2023 афзоиш ёфтааст. Ҳарорати уқёнусҳо низ аз соли 2018 инҷониб 16% афзоиш ёфтааст.

Бештарин гармшавӣ дар уқёнуси Атлантик ва қисмҳои ҷанубии уқёнуси Ҳинд ва Уқёнуси Ором мушоҳида шудааст. Аммо, олимон асосан тағйироти сатҳиро арзёбӣ кардаанд. Экосистемаҳои амиқи баҳр ҳанӯз пурра омӯхта нашудаанд.

Дар гузориш инчунин қайд карда шудааст, ки ҳар сол 52,1 миллион тонна пластик ба уқёнус ворид мешавад, ки дар натиҷа 24,4 триллион зарраҳои микропластикӣ ба вуҷуд меоянд.

Олимон таъкид мекунанд, ки дар бисёр кишварҳо барои ҳифзи уқёнусҳо чораҳо меандешанд, аммо, ин талошҳо “пароканда” буда, ҳамоҳангсозии бештарро талаб мекунанд.

Тибқи гузориш, уқёнусҳои ҷаҳон 90 фоизи гармии изофӣ ва 30 фоизи гази карбонро, ки дар натиҷаи сӯхтани сӯзишвории истихроҷшаванда ба атмосфера партофта мешаванд, ҷабидаанд. Ҷараёнҳои уқёнус гармиро дар миқёси ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ аз нав тақсим мекунанд. Аммо, ин тамоюлҳо бо мурури замон тағйир меёбанд ва таъсири онҳо ба тағирёбии иқлим ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст.