Дар киштии кайҳонии Orion чор кайҳоннавард қарор доранд: Рид Вайсман (фармондеҳ), инчунин Виктор Гловер, Кристина Кох ва Ҷереми Хансен. Дар давоми 10 рӯзи наздик экипаж гирди Моҳ парвоз карда, ба Замин бармегардад, хабар медиҳад РИА Новости.
Тақрибан баъди 8 дақиқаи пас аз парвоз киштӣ ба фазои кайҳонӣ расид ва пас аз як соат ба мадори наздизаминӣ баромад. Дар давоми шабонарӯзи аввал кайҳоннавардон кори системаҳои ҳаёттаъминкунӣ ва идоракуниро месанҷанд. Дар рӯзи сеюм Orion ба траекторияи парвоз ба сӯи Моҳ мебарояд, дар рӯзи панҷум ба минтақаи ҷозибаи Моҳ мерасад ва дар рӯзи шашум ба нуқтаи наздиктарин ба сатҳи он расида, бозгаштро оғоз мекунад.
Қаблан парвози миссия бинобар ошкор шудани ихроҷ ба таъхир гузошта шуда буд, ки дар натиҷа NASA маҷбур гардид равзанаи парвози моҳи мартро аз даст диҳад. Имконияти нави парвоз 1 апрел фароҳам шуд ва миссия дар вақти муайяншуда бомуваффақият оғоз гардид.
Ин парвоз марҳилаи калидӣ дар омодагӣ ба миссияҳои минбаъдаи барномаи Artemis ҳисобида мешавад. Дар NASA умед доранд, ки аллакай соли 2028 кайҳоннавардон бори аввал пас аз барномаи Apollo боз ба сатҳи Моҳ фуруд меоянд. Бори охирин инсон моҳи декабри соли 1972 дар ҷараёни миссияи Apollo 17 ба рӯи Моҳ қадам гузошта буд.