Ин бозӣ хеле ҳассосу пурмубориза ҷараён гирифта, пас аз ҷамъбасти
ду марҳила бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт. Дар қисми рақамӣ варзишгарони Ӯзбекистон
бо ҳисоби 4:0 ғалаба
карданд, аммо дар қисми воқеӣ рақиб бо ҳисоби 6:2 дастболо шуд.
Бо ҳамин, ҳисоби умумӣ 6:6 гардид ва ғолиб тавассути силсилаи зарбаҳои пеналтӣ
муайян шуд. Дар лаҳзаҳои ҳалкунанда футболбозони Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, роҳхати даври 1/4 ниҳоиро ба даст оварданд.
Акнун дастаи мунтахаби кишвар муборизаро барои ба даст
овардани медалҳои ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ идома медиҳад.