Мусобиқа бо ҳамкории Бунёди ҷаҳонии ҷавонони ҷаҳони турк, Федератсияи намудҳои анъанавии гӯштини Туркия, шаҳрдории Ҳатай ва шаҳрдории Яйладағӣ ва бо дастгирии Созмони давлатҳои турк баргузор шуд.

Дар мусобиқа паҳлавонони дастаҳои мунтахаби кишварҳои узв ва нозири Созмони давлатҳои турк, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Туркия иштирок карданд. Меҳмонони фахрии чорабинӣ сафирони кишварҳои узви созмон дар Туркия ва раиси Шӯрои пирони Созмони давлатҳои турк Биналӣ Йилдирим буданд.

Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар ҳайати 9 варзишгар муносиб баромад карда, дар ҳисоби даставӣ миёни кишварҳои иштироккунанда мақоми дуюмро гирифт.

Дар сабқатҳои инфиродӣ низ варзишгарони Ӯзбекистон натиҷаҳои баланд нишон доданд. Анвар Эшпулатов дар вазни то 55 килограмм медали тилло ба даст овард. Қувончбек Садинов дар вазни то 60 килограмм соҳиби медали биринҷӣ ва Сардорбек Абдураҳмонов дар вазни то 85 килограмм низ мақоми сеюмро соҳиб шуданд.

Натиҷаҳои бадастомада аҳамияти хос дошта, далели равшани самаранокии ислоҳоти пайвастаи кишвар дар самти рушди намудҳои миллии варзиш, аз ҷумла гӯштин, дастгирии варзишгарон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои онҳо мебошанд.

Ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқа пирӯзиҳои арзандаи худро ба 35-солагии Истиқлоли Ватан бахшида, ба Президенти муҳтарами Ӯзбекистон барои корҳои таҳти роҳбарии ӯ ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои варзишгарони кишвар анҷомдодашуда изҳори сипос ва миннатдории самимӣ намуданд.