Таъкид гардид, ки қаблан Сӯх яке аз минтақаҳое буд, ки дастрасӣ ба он мушкил, имкониятҳои нақлиётӣ ва логистикӣ маҳдуд ва робитаҳои иқтисодӣ суст буданд. Солҳои охир, туфайли ҳамкории минтақавӣ ва иродаи қавии сиёсӣ барои рушди ҳамаҷонибаи он имкониятҳои нав фароҳам омадаанд.
Роҳҳои нав кушода шуданд, тартиби гузариш аз марз содда гардид, шароит барои соҳибкорӣ беҳтар шуд, инчунин кӯдакистон, мактаб, поликлиника ва манзилҳои муосир қад афрохтанд.
Имрӯз дар 25 маҳаллаи Сӯх 88,6 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Дар минтақа 29 муассисаи томактабӣ, 33 мактаб, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи махсус, 14 муассисаи тандурустӣ ва 2 иншооти фарҳангӣ фаъолият доранд. Танҳо дар соли гузашта 13 921 ҷойи корӣ таъсис ёфта, 1 667 оила аз камбизоатӣ бароварда шудаанд.
Дар маҷмӯъ, тағйирот дар Сӯх танҳо навсозии инфрасохтор нест, балки нишондиҳандаи афзоиши фаъолнокии иқтисодӣ, таҳкими эътимоди аҳолӣ ва густариши имкониятҳо барои ҷавонон мебошад. Имрӯз Сӯх тадриҷан ба низоми иқтисодии минтақавӣ аз нав мепайвандад.
Бо вуҷуди ин, дар ноҳия сатҳи нодорӣ 7,9 фоиз ва бекорӣ 5,5 фоиз боқӣ монда, ин нишондиҳандаҳо то ҳанӯз аз сатҳи миёнаи ҷумҳурӣ баландтар аст.
Дар муаррифӣ гуфта шуд, ки масъулон соли ҷорӣ нақшаи ҷалби 40 млн доллар сармоя ва таъмини 15 млн доллар содиротро ба дӯш гирифтаанд. Аз ҳисоби ин, ба 9 фоиз афзун намудани саноат, 17,1 фоиз хизматрасонӣ ва 7,6 зиёд кардани кишоварзӣ дар назар аст.
Дар ҷамъомад ба иқтидори сайёҳии Сӯх диққати махсус дода шуд.
Таъкид гардид, ки табиат, ҳавои мусаффо, дарёҳо ва иқлими мусоиди он имкон медиҳанд, ки сайёҳӣ ба яке аз муҳаррикҳои иқтисод табдил ёбад.
Масалан, дар соҳилҳои дарёи Сӯх, ки аз маҳаллаҳои Сариканда, Ровон ва Истиқлол мегузарад, метавон иншооти нави сайёҳиро бунёд кард. Ё ин ки дар ин ҷо барои таъсиси кластери хизматрасониҳои тиббӣ, ки реабилитатсия, физиотерапия, логистикаи доруворӣ ва таҳсилоти тиббиро дар як ҳудуд муттаҳид мекунад, тамоми шароит мавҷуданд.
Умуман, гуфта шуд, ки ба соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ҷалби 60 миллион доллар сармоя, таъсиси қариб 2 ҳазор ҷойи корӣ, расонидани ҳаҷми хизматрасониҳои сайёҳӣ ба 15 миллиард сӯм ва афзоиши содирот то 2 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.
Фароҳам овардани инфрасохтори мусоид барои зиндагӣ ва меҳнати аҳолӣ, тавсеаи соҳибкорӣ ва таъмин намудани шуғли аҳолӣ – ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳим мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҳар як маҳалла 10-тоӣ, дар маҷмӯъ 300 лоиҳаи хурд амалӣ гардида, ба 8,6 ҳазор нафар касбу ҳунар омӯхта мешавад. Барои ин лоиҳаҳо аз ҷониби бонкҳо 64 миллиард сӯм захираи кредит ҷудо гардида, барои иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, иловатан 74,5 миллиард сӯм равона карда мешавад.
Масъалаҳои нақлиёт ва логистика низ ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд. Ҷиҳати баланд бардоштани пайвастагии ноҳия бо минтақаҳои дигар, тезонидани убури марз ва густариши робитаҳои иқтисодӣ чораҳои амалӣ муайян шуданд.
Бо назардошти ба кишоварзӣ вобаста будани қисми асосии даромади аҳолӣ, зарурати ҷорӣ намудани васеи усулҳои муосир ва технологияҳои нав дар ин соҳа таъкид гардид.
Масалан, лоиҳаҳои дар 425 гектар чарогоҳи мавзеи Қайроқ бунёд кардани боғҳои мевадиҳанда, дар 60 гектар замини маҳаллаи Чашма ташкили плантатсияҳои заъфарон, инчунин дар 100 гектар замини хоҷагиҳои Озод ва Сӯх роҳандозии парвариши картошка пешниҳод шуд. Инчунин, лоиҳаи рушди моҳипарварӣ дар маҳаллаи Навобод муаррифӣ гардид. Тибқи он, дар масоҳати 50 хол 30 ҳавз ташкил шуда, дар ҳар як ҳавз то 50 тонна моҳии форел парвариш кардан мумкин аст.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки бо бунёди шабакаи обёрии худҷорӣ ба дарозии 8 километр байни минтақаҳои Девайрон ва Тул-дашт имкони азхудкунии 500 гектар боғҳои мевадиҳанда ва 300 гектар заминҳои кишт ба вуҷуд меояд.
Роҳбари давлат таъкид намуд, ки ҳадафи аз ҳама асосӣ дар рушди ноҳияи Сӯх – ба вуҷуд овардани тағйироти назаррас дар зиндагии мардум, афзунсозии даромади аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва боз ҳам тақвият бахшидани робитаҳои нақлиётии минтақа мебошад. Ба масъулон ҷиҳати таъмини иҷрои вазифаҳое, ки дар робита бо ноҳия муайян гардиданд, супоришҳои дахлдор дода шуданд.