Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки сафари Роҳбари Администратсияи Ҳонконг ба Ӯзбекистон дар таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии байни Ӯзбекистон ва Чин саҳми муҳим гузошта, ҳамзамон ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба байни Ӯзбекистон ва Ҳонконг такони нав мебахшад.

Дар ҷараёни музокирот самтҳои ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, молия, трасформатсияи рақамӣ, зеҳни сунъӣ, нақлиёт ва логистика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид шуд, ки таҷрибаи нодир ва иқтидори баланди Ҳонконг ҳамчун яке аз марказҳои пешрафтаи байналмилалии молиявӣ ва тиҷоратии ҷаҳон метавонад дар навсозии иқтисодиёти Ӯзбекистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки технологияҳои баланд саҳми арзанда гузорад.

Ҳамчунин ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ, таҳкими робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва пешбурди ташаббусҳои нави муштарак таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Дар анҷоми мулоқот табодули нотаҳои шифоҳӣ оид ба нияти имзои Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи низоми мутақобилаи бераводид баргузор гардид. Қайд шуд, ки ин иқдом барои рушди робитаҳои тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва гуманитарӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварда, ба наздикшавии бештари мардумони ду ҷониб мусоидат хоҳад кард.