Дар баёнияи расмӣ таъкид шудааст, ки Ӯзбекистон иродаи
сиёсӣ ва дурандешии роҳбарони ИМА ва Эронро, ки дар як марҳалаи ҳалкунанда зоҳир
гардид, баланд арзёбӣ мекунад. Зикр мешавад, ки ин созишнома барои расидан ба
сулҳу суботе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ муддати дароз интизораш буд, заминаи устувор
фароҳам меорад.
Ҳамчунин, саҳми Покистон ва Қатар дар фароҳам сохтани
шароити зарурӣ барои расидан ба ин тафоҳум, инчунин талошҳои Туркия, Арабистони
Саудӣ, Миср ва дигар шарикони минтақавӣ баланд арзёбӣ шуданд.
Ӯзбекистон изҳори умед кардааст, ки марҳилаҳои минбаъдаи
музокирот дар рӯҳияи созанда идома ёфта, созишҳои бадастомада самаранок амалӣ
хоҳанд шуд.
Дар баёния бори дигар таъкид шудааст, ки ҳалли низоъҳо ва
ихтилофот тавассути воситаҳои дипломатӣ, бар пояи тамоюлҳои ҳуқуқи байналмилалӣ,
эҳтироми мутақобила ва бо назардошти манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳо, шарти асосии
таъмини сулҳу амният мебошад.