Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳои Қирғизистон,
дар рӯзҳое, ки ҳарорати ҳаво аз +28 дараҷа боло меравад, ҳаракати воситаҳои нақлиёти
боркаши вазнин дар соатҳои рӯз маҳдуд карда мешавад.
Ин маҳдудиятҳо, ба истиснои баъзе ҳолатҳои махсус, ба
мошинҳои боркаше дахл доранд, ки вазни умумии иҷозатдодашудаи онҳо аз 18 тонна
зиёд аст.
Ин тадбирҳо бо мақсади ҳифзи рӯйпӯши роҳҳо аз таъсири ҳарорати
баланд андешида мешаванд.
Ба интиқолдиҳандагони миллӣ ва ширкатҳои логистикӣ, ки
тавассути қаламрави Қирғизистон ҳамлу нақл анҷом медиҳанд, тавсия дода мешавад,
ки ҳангоми тарҳрезии масирҳо ва муайян кардани муҳлати расонидани бор ин маҳдудиятҳоро
ба назар гиранд.